Гузаштан аз санҷиши донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Россия ба тартиби таҳияи патентии кор дохил мешавад.
Аз санҷиш гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ бо сертификати махсус тасдиқ карда мешавад. Он ба муҳлати 5 сол амал мекунад.
Супурдани санҷиш ва гирифтани сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР дар марказҳои махсуси санҷишӣ сурат мегирад. Барои аз санҷиш гузаштан чунин ҳуҷҷатҳо лозим мебошанд:
– Шиноснома ва нусхаи шиноснома;
– Шиноснома бо тарҷумаи нотариалияш бо забони русӣ(аз идораҳои нотариалие, ки тарҷумон доранд, гирифта мешавад);
– Корти муҳоҷират бо штампи воридшавӣ ва нусхаи он.
Ҳангоми муроҷиат Шумо бояд дар бонки дилхоҳ маблағи санҷишро пардохт кунед ва расид гиред. Арзиши хизматрасонии санҷишро аз марказҳои санҷиш ва сайтҳои онҳо донистан мумкин аст.
Имтиҳон иборат аст аз:
Қисми 1. Забони русӣ (1 с 20 дақ) – грамматика, навиштан, хондан, нутқи шифоҳӣ, шунидану нақл кардан.
Қисми 2. Таърихи Россия (35 дақ) – 20 саволи тестӣ.
Қисми 3. Асосҳои қонунгузории ФР (35 дақиқа) – 20 саволи тестӣ.
Дар бораи санҷиш ва мустақилона омода шудан ба он ба Шумо сайти «Российский тестовый консорциум» testcons.ruёрӣ расонида метавонад.
Дар сайти testmigr.ru Шумо метавонед худро бисанҷед ва сатҳи дониши худро муайян намоед.
Аз санҷиш гузаштан лозим нест, агар чунин ҳуҷҷатҳо доред:
-Дипломи муассисаи таълимии СССР, ки то 1 сентябри соли 1991 гирифта шудааст;
-диплом дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти ҳар кадом аз кишварҳои ИДМ бо гузаштани курси омӯзиши забони русӣ, тасдиқи нотариалии он бо забони русӣ ва тасдиқномаи мутобиқати он бо стандартҳои таҳсилоти Россия.
Ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент шаҳрванди Тоҷикистон бояд аз комиссияи махсуси тиббӣ гузарад, то ду ҳуҷҷати дигар гирад:
– хулосаи тиббӣ дар бораи саломатӣ;
– сертификат дар бораи набудани сирояти ВИЧ.
ХУЛОСАИ ТИББӢ
Хулосаи тиббӣ чунин таҳлилҳои лабораторӣ, рентгенӣ ва муоинаҳои духтурони мутахассисро дарбар мегирад:
– таҳлили хун;
– флюрография ё таҳқиқи рентгении шушҳо;
– таҳлили молекулярӣ-биологиии балғам ва луоби бинӣ;
– муоинаҳои силшинос, пӯстшинос ва сироятшинос.
Барои гирифтани худ патент аз муоинаи тиббӣ гузаштан зарур аст. Муоина бо он мақсад гузаронида мешавад, ки то бовар пайдо гардад, ки шаҳрванди хориҷӣ ба касалиҳое чун нашъамандӣ, ВИЧ, сил, баъзе бемориҳои сироятӣ, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ сироят мекунанд, гирифтор нест.
Муоинаи тиббӣ дар муассисаи махсуси тиббии минтақае гузаронида мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар он ҷо кор карданӣ аст. Барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ чунин ҳуҷҷатҳот лозим мебошанд:
– Шиноснома ва нусхаи шиноснома;
– Шиноснома бо тарҷумаи нотариалияш бо забони русӣ(дар идораҳои нотариалие, ки тарҷумон доранд, гирифта мешавад);
– Огоҳнома дар бораи гузоштан дар қайди муҳоҷират (регистратсия) ва нусхаи он.
Аз муоинаи тиббӣ гузаштан хизмати пулакӣ аст.
Хулосаи натиҷаҳои комиссияи тиббӣ баъди 5 рӯзи корӣ дода мешавад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, ки маълумотномаи шакли 086-ро, ки дар Тоҷикистон дода мешавад, пешниҳод кунанд. Таваҷҷуҳ кунед – доштани ин маълумотнома Шуморо аз зарурати гузаштан аз муоинаи тиббӣ озод намекунад.
Диққат диҳед – пеш аз гузаштани комиссияи тиббӣ чунин доруҳоро истеъмол накунед: коделак; кодипронт; кодтерпин; нурофен плюс; пенталгин, пенталгин–Н; седал –М; седалгиннео; терпинкод; тетралгин; каффетин; корвалол; валокордин; фенобарбитал. Агар Шумо мунтазам яке аз ин доруҳоро истеъмол кунед, ҳатман ба духтурон дар ин бора хабар диҳед.
Барои кор дар соҳаи хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ(қаҳвахона, кӯдакистонҳо, меҳмонхонаҳо, мактабҳо ва ғ.) гирифтани дафтарчаи тиббӣ зарур аст. Дафтарчаи тиббиро, ки пулакӣ аст, аз ҳамон ҷое, ки комиссияи тиббӣ мегузарад, гирифтан мумкин аст.
Шикоятҳоро оид ба вайрон кардани тартиби хулосадиҳии тиббӣ Росздравнадзор қабул мекунад.