Бачаҳои шаҳрвандони хориҷӣ мисли фарзандони шаҳрвандони ФР ҳуқуқи тарбия гирифтан дар кӯдакистон ва таҳсил кардан дар мактабро доранд.
– қабул ба мактаб – моҳҳои апрел-майбарои соли хониши оянда (а 1 сентябр);
– қабул ба синфи якуми мактаб – моҳҳои феврал-апрел барои соли хониши оянда (аз 1 сентябр).
Бачаҳо бояд дар ФР дар асосҳои қонунӣқарор дошта бошанд, яъне соҳиби корти муҳоҷират, дар қайди ҳисоби муҳоҷират (регистратсия) бошанд.
Мақсади ворид шудани кӯдакони синни мактабӣ ва томактабӣ – “хусусӣ” аст, ӯҳуқуқ дорад, ки дар ҳудуди Россия на зиёда аз 90 шабонарӯз дар муддати ҳар нимсола аз рӯзи вурудаш истиқомат кунад. Агар кӯдак дар кӯдакистон ё мактаб таълим гирад, – муҳлати амали сабти муҳоҷирати он (регистратсия)-ро мутобиқ ба муҳлати амали регистратсияи волид ё ҳар ду волид, ки бо патент кор мекунанд, дароз кардан мумкин аст, аммо на зиёда аз 3 моҳ.
Барои дароз кардани муҳлати регистратсияи кӯдак, ба УВМ ГУ МВД Россиядар маҳалли регистратсияи худ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат кардан зарур аст:
– ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсили кӯдак дар мактаб (маълумотнома);
– чек-расид оид ба пардохти маблағи патенти кор;
– варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати фарзанд ва волидон дар ҳамон як суроға.
Ба мактаб додани фарзандон зарур аст дар ҷои муваққатизистиволидонионҳо (сабтимуҳоҷират/регистратсия)
Фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд, дар ФР ҳуқуқи кор кардан надоранд!
Мувофиқи б.5 мод.97 Созишнома дар бораи ИИАО (Договора о ЕАЭС), фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ– шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авросиё дар асос ва муҳлати шартномаи меҳнатии волидашон дар Россия қарор доранд.
Барои ба кўдакистон шомил шудан ба МФЦ – многофункциональный центр (МБЉ -марказњои бисёрљабња) дар љои ќайд мурољиат кардан даркор аст.
Волидони бачањои синни мактабї тибќи ќонун уњдадоранд, ки фарзандонро ба мактаб дињанд.
Барои ба мактаб шомил шудан ба РОНО – шуъбаи маорифи ноњия мурољиат кардан даркор аст. Суроѓаи шуъбаи маорифи ноњияи худро ба воситаи интернет ё бо мурољиат кардан ба ташкилотњои љамъиятї фањмидан мумкин аст.
Агар волидон ба мактаб мурољиат карда, љавоби рад гиранд, ба шуъбаи маорифи ноњия мурољиат кардан лозим аст, ки вазифадор аст дар яке аз мактабњои ноњия љой ёбад.
Њуљљатњо барои кўдакистон ва мактаб (инчунин нусхаи њамаи онњо лозим аст):
– шиносномаи фарзанд ва шиносномаи яке аз волидон;
– шањодатномаи таваллуди фарзанд;
– корти муњољирати фарзанд ва яке аз волидон;
– маълумотнома дар бораи ба ќайди муњољират гузоштани фарзанд ва яке аз волидони ў (дар он ноњияе, ки фарзанд ба мактаб ё кўдакистон меравад);
– корти тиббие, ки фарзанд дорад;
– маълумотномаи тиббии 026 ва сертификати эмкунї (дар клиникањои тибби бачагон бо пул дода мешавад);
– парвандаи шахсии фарзанд аз мактаби пешинааш (агар пештар тањсил карда бошад).
Маъмулан инчунин тасдиќи нотариалии њуљљатњо ба забони русї, баъзан полиси тиббии фарзанд талаб карда мешавад.
Агар яке аз волидон шањрванди ЕАЭС ва дорои шартномаи мењнатї бошад, ќайди фарзандро бо ин асос ба муњлати амали шартномаи мењнатї дароз кардан мумкин аст.
Дар кўдакистонњо аксар ваќт љой намерасад ва хеле интизор шудан пеш меояд. Аммо донистан муњим аст, ки бачаро ба мактаб њамон замон ќабул карданашон њатмист!
Маслиҳат медиҳем, ки кӯдакро ба кӯдакистон барвақттар, пешакӣ номнавис кунед, қабул ба кӯдакистон аз феврал-апрел барои соли хониши оянда (аз 1 сентябр) оғоз меёбад.
Кӯдаконро ба кӯдакистоне, ки дар маҳалли истиқомати муваққатии (сабти муҳоҷират/регистратсия) волидони онҳо воқеъ гардидааст, ҷой кардан лозим аст.
Ҳуқуқи афзалиятноки қабул шудан ба кӯдакистонро фарзандони ин шаҳрвандони хориҷӣ доранд:
– ба таври доимӣ дар ФР истиқоматкунанда (иҷозати истиқомат доранд);
– аъзои оилаҳои серфарзанд;
– аъзои оилаи кормандони кӯдакистон (агар волиди кӯдак дар кӯдакистон ё мактаб муаллим, мураббӣ, посбон, ошпаз, фаррош ва ғайра бошад).
Робитаҳо:
Министерство просвещения России (Вазорати маорифи Россия) – https://open.edu.gov.ru/appeals, +7 (495) 587- 01-36
https://open.edu.gov.ru/appeals/e-send/ – барои шикоятҳои электронӣ ба Вазорати маорифи Россия.
Дар ҳолати вайронкунии ҳуқуқи кӯдак инчунин ба Уполномоченному по правам ребёнка (Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак) муроҷиат кардан мумкин аст: deti.gov.ru
Агар кӯдак барои таҳсил дар мактаби русӣ тайёр набошад, забони русиро нағз надонад, бо бачаҳои рус бо душворӣ муошират кунад, дар баъзе минтақаҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат карда, дастгирии зарурӣ гирифтан мумкин аст. Волонтёрон бо бачаҳо бепул машғулият мегузаронанд, барномаҳои фароғатию фарҳангӣ ташкил мекунанд, бачаҳоро барои мутобиқшавӣ бо ҷомеаи Россия омода месозанд.
– Дар Москвава Подмосква:
Центр адаптации и обучения детей-беженцев «Такие же дети» (Маркази мутобиқсозӣ ва омӯзиши бачаҳои гурезагон)
– Дар вилояти Москва:
Языковая школа «Ковчег» (Мактаби забономӯзӣ)
– Дар Санкт-Петербург:
АНО «Дети Петербурга»
http://detipeterburga.ru/ телефон: +7 911-773 7787
Дар назди ташкилот Маркази ҷавонон амал мекунад.
Барои мустақилона омӯхтани забони русӣ аз инҳо истифода бурдан мумкин аст:
– портали Институти забони руси ба номи А.С.Пушкин «Русский язык для наших детей» http://rus4chld.pushkininstitute.ru/#/
– портали дастгирии забони русӣ дар мактаби ибтидоии ноҳияи Адмиралтейскийи Санкт-Петербург «Говоруша»
Агар дар масъалаи қабул ба мактаб мушкилӣ пайдо шавад, ба Комитет ё Департаменти маориф, ки дар ҳар минтақа ҳастанд, муроҷиат кунед