Кормандони политсия бояд тартибу низомро танзим кунанд, ҳуқуқ ва озодиҳои одамро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, этникӣ, динӣ ва дигар риоя намоянд. Кормандони политсия бояд ба русум ва анъанаҳои миллии шаҳрвандон эҳтиром гузоранд, хусусиятҳои фарҳангӣ ва дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва иҷтимоӣ, ташкилотҳои диниро ба эътибор гиранд, ба ризояти байнимиллӣ ва байнимазҳабӣ мусоидат кунанд (п.1,3 м.7 Закона «О полиции» (Қонун дар бораи политсия)).
Дар шумори дигар вазифаҳо ба уҳдаи политсия назорати риояи тартиботи истиқомати муваққатӣ ва доимӣ, будани муваққатӣ, ворид шудан ба Федератсияи Россия, баромадан аз Федератсияи Россия, убур кардан аз ҳудуди Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва фаъолияти меҳнатии кормандони хориҷӣ гузошта мешавад.(п.33 м.12 Қонун “Дар бораи политсия”).
Кормандони политсия ҳуқуқ доранд, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандонро тафтиш кунанд, агар барои боз кардани парвандаи маъмурӣ нисбати ин шаҳрвандон сабаб бошад, инчунин агар барои боздошти онҳо асос бошад; иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи амалҳои муайян, ё фаъолиятҳои муайянро, ки назорати онҳо ба уҳдаи политсия гузошта шудааст, тафтиш кунанд (п.2 м.13 Қонун “Дар бораи политсия”).
Кормандони политсия бояд тартиботро дастгирї кунанд, њуќуќу озодињои одамонро сарфи назар аз мансубияташон ба миллат, ќавм, дин ва ѓайра риоя намоянд.
Ќоидањои рафтор ва салоњияти кормандони политсияро дар ФР Ќонун «Дар бораи политсия» (Ќонуни федералї № 3-ФЗ аз 07.02.2011) муайян мекунад.
! Агар Шумо шоњид ё ќурбонии љиноят шудед, ба политсия мурољиат кунед.
Политсия – 02; 102 ё 112. Сайт – www.мвд.рф
Тафтиши њуљљатњо
Њамеша њамроњи худ ин њуљљатњоро гиред:
– шиноснома
– корти муњољират
– сабти ќайд (ќайди ба њисоби муњољирї гирифтан, регистратсия)
патенти кор бо чекњои пешпардохти маблаѓњои андоз (барои шањрвандони давлатњои аъзои ЕАЭС- Арманистон, Беларус, Ќазоќистон, Ќирѓизистон).
– полисњои њаќиќии суѓуртаи ихтиёрї (ДМС) ё њатмии (ОМС) тиббї.
! Њатман њамаи њуљљатњоро нусхабардорї кунед ва алоњида аз њуљљатњои аслї нигоњ доред – дар њолати гум кардани њуљљатњо онњоро барќарор кардан осонтар мешавад.
Њуљљатњоро танњо он кормандони политсия њуќуќи тафтиш кардан доранд, ки айни замон њангоми иљрои вазифаи хизматї бошанд. Онњо бояд либоси полисї ва нишони махсуси сарисинагї (жетон) дошта бошанд – раќами онро дар хотир гиред ё нависед.
Корманди политсия њангоми ба Шумо мурољиат кардан бояд:
– рутба, вазифа ва насаби худро гўяд
– шањодатномаи худро бо талаби Шумо нишон дињад
– сабаб ва маќсади тафтиши њуљљатњоро фањмонад (б.4 моддаи 5 Ќонун «Дар бораи политсия»).
Корманди политсия метавонад ба њаќќонї будани њуљљатњои Шумо шубња кунад. Дар ин њолат аз Шумо хоњиш мекунад, ки њамроњаш барои санљиши њуљљатњо аз махзани маълумот ба наздиктарин нуќтаи политсия равед. Агар чунин шуд, ба хешовандон ё дўстонатон занг занед ва бигўед, ки дар куљо њастед ва бо кї суњбат доред. Бисёр муњим аст, ки ягон кас аз ањволатон огоњ бошад!
!Дар хотир дошта бошед – пора додан љиноят аст. Ба корманди политсия пул надињед!
Кормандони политсия ва Раёсати муњољират њуљљатњои Шуморо њангоми рейдњои махсус њам тафтиш карда метавонанд. Аз рўи натиљањои тафтиш кормандон санад ва агар ќонунвайронкунињо ошкор шуда бошанд, дар бораи њуќуќвайронкунии маъмурї, ё боз кардани парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї протокол тартиб медињанд. Як нусхаи санад ё протокол њатман ба дасти гумонбар дода мешавад.
Протокол дар бораи њуќуќвайронкунии маъмуриро дар соњаи муњољират метавонанд фаќат кормандони раёсати муњољират тартиб дињанд.
Бо сабаби хатари амалиётњои террористї дар даромадгоњи метро ё вокзал кормандони политсия, метро ё вокзалњо метавонанд аз Шумо хоњиш кунанд, ки ба воситаи чорчўбањои муњофизатї ворид шавед ё баѓољи худро аз детектори махсус гузаронед. Ин амалњо ќонунї мебошанд.
Дар њолати боздошт:
Шахси боздоштшуда ба гуфтугўи телефонї њуќуќ дорад (б.7 моддаи 14 Ќонун «Дар бораи политсия»).
То ќарори суд шањрванд набояд ба муњлати беш аз 48 соат боздошт карда шавад.
Дар бораи боздошт протокол тартиб дода дар он корманди политсия ин маълумотњоро менависад:
– сана, ваќт ва љои тартиб додани протокол;
– вазифа, насаб ва номи корманди политсия, ки протокол менависад;
– маълумот дар бораи боздоштшуда, сана, ваќт, љой, асос ва сабаби боздошт (б. 14 моддаи 14 Ќонун «Дар бораи политсия»).
Ба протоколи боздошт корманди политсия, ки онро тартиб додааст, имзо мегузорад.
Агар Шуморо боздошт карда, протокол тартиб доданд, хоњиш мекунанд, ки Шумо њам имзо гузоред. Шумо пеш аз имзо кардан њатман онро хонед.
Агар Шумо бо мазмуни протокол розї набошед, нависед – «бо протокол розї нестам» ва сабабашро нишон дињед. Масалан: «барои он ки амалњои дар протокол сабтшударо содир накардаам».
Агар Шумо забони русиро наѓз намефањмед ва бо хоњиши Шумо тарљумон пешнињод накардаанд, Шумо метавонед инро дар протокол нависед. Масалан: «матни протоколро бо забони русї намефањмам». Шумо инро дар протокол бо забони русї (ё бо забони модариатон њам) навишта метавонед.
Агар Шумо имзо кардан дар протоколро рад намудед, корманди политсия дар протокол њатман инро бояд сабт кунад (б.15 моддаи 14 Ќонун «Дар бораи политсия»).
Њатман талаб кунед, ки нусхаи протоколи боздоштро ба Шумо дињанд – кормандони политсия вазифадоранд, ки бо талаби Шумо нусхаро дињанд (б.15 моддаи 14 Ќонун «Дар бораи политсия»).
Кормандони политсия њуќуќ надоранд њуљљатњои Шуморо њамчун замонати пардохтани љарима ё дигар пардохтњо гиранд – ин ѓайриќонунист!
Протокол дар бораи њуќуќвайронкунии маъмуриро дар соњаи муњољират метавонанд фаќат кормандони раёсати муњољират тартиб дињанд. Тартиб додани протокол маънии онро надорад, ки Шумо њатман љарима супоред Парванда бояд бо иштироки Шумо дар суд ё шуъбаи ноњиявии УВМ МВД баррасї шавад. Ба Шумо бояд ќарор оид ба парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї дињанд, ки онро Шумо бояд ё иљро кунед, ё дар муњлати 10 рўз аз болои он ба суд шикоят намоед.
! Талаб кардани пардохти љарима бе ќарор – ѓайриќонунї аст!
Агар Шуморо ѓайриќонунї боздошт карда, ѓайриќонунї дар политсия нигоњ медоранд, ба Общественная наблюдательная комиссия (ОНК) – Комиссияи љамъиятии мушоњида (КЉМ) мурољиат кунед. Аъзои комиссия њуќуќ доранд, ки шароити боздошти шањрвандони хориљиро тафтиш кунанд, инчунин метавонанд ба Шумо ёрии бепули њуќуќї расонанд.
Шикоят аз амали кормандони политсия
Агар кормандони политсия њуќуќњои Шуморо поймол кунанд, ќабули аризаро рад намоянд, вазифаи хизматии худро иљро накунанд, пора талаб кунанд, ё зўроварї намоянд, метавонед барои гирифтани ёрї ба ташкилотњои љамъиятї ва давлатї мурољиат намоед:
– ба ГУ МВД (раёсати шаҳрии ВКД), бо телефонҳои 112 ё 02;
– ба наздиктарин шуъбаи политсия;
– ба наздиктариншуъбаиноҳиявии МВД РФ (ВКД ФР).
«Горячая линия» МВД РФ (“Хатти доғ”-и ВКД ФР): 8 (800) 222-74-47
https://mvd.ru/contacts/sites– суроғаҳои “нуқтаҳои доғ”-и қисмҳои политсия дар минтақаҳои Россия.